TG Telegram Group Link
Channel: ꧁Ҳидояти Занон꧂ 
Back to Bottom
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Зи пуштам мекуни ғайбат.
Telegram/@hidoyati_zanon
- Зи пуштам мекуни ғайбат, туро гӯям саломат бош,

- Насозам вақти худ сарфат, бирав аҳли адолат бош.

- Хатокорам ту бишморӣ, вале аз худ хабар дорӣ?

- Хатои мо чӣ меҷуйӣ, даме аҳли хиҷолат бош.

- Маро танҳо Худо донад, гунаҳкорам ва ё суфӣ,

- Чӣ суд бинӣ аз ин корат, бирав аҳли саховат бош.

- Ҷаҳону одамон пешат, агар тобанд, чу шоми тор,

- Туро гӯям дилат тор аст,бирав худро табобат бош.

- Дар ин дурӯза зистанҳо,магар бурдӣ зи ёд маргат?

- Худо диҳад туро тавфиқ, бирав аҳли ибодат бош.

🕊•┈┈┈┈┈┈🌿🧕🌿┈┈┈┈┈┈•🕊

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед ↙️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝Масъуд ибни Муҳаммад Алҳамазони, яке аз уламои салафи солеҳ буд, як ҷумлаи хеле хуб дошт.

Вақте касе аз у маъзарат хоҳи мекард, дар ҷавоб мегуфт:

الماضي لايذكر😊

- Яъне "Чизе ки гузашт ниёз ба ёдоварӣ нест, бирав бахшидамат"

🪶Баъд аз муддате Масъуд аз дунё рафт, ва ба хоби як шахсе омад, он шахс аз Масъуд пурсид Аллоҳ чигуна бо ту рафтор кард?

Масъуд гуфт, ки дар муқобили Аллоҳ қарор гирифтам.

Ва Аллоҳ бароям гуфт эй Масъуд...

الماضي لايذكر 😊

- Яъне "Чизе ки гузашт ниёз ба ёдоварӣ нест. Бирав бахшидамат"

Ҳар тавре ки бо мардум рафтор куни, ҳамон тавр Аллоҳ ба ту рафтор мекунад.

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед.➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
🔰Танҳо илоҷи Ишқ издивоҷ аст‼️

🪶Дуктур Юсуфи Қарзовӣ رحمه الله мефармояд:

  Агар мард ва хонуме ошиқ ва маъшуқи ҳамдигар шуданд ва аз ишқу муҳаббат пок ва  содиқона бархурдор шуданду алоқа ва муҳаббат миёни онон муддат замони тӯлонӣ идома дошта бошад, ин худ далили вазеҳе аст, ки инчунин ишқ ва алоқа аз булҳаваси набудааст. Дар инҷо ба хонавода лозим ва зарури аст, ки бо чашмони басират ва ва оқилона ба ин мавзӯъ бингаранд ва мутавассил ба истеъдод раъй ва зургӯӣ нашаванд ки бо камтарин далел ва ё ҳато бидуни далел, дасти рад ба синаи хостгор назананд:

Ҳамчунин лозим ва зарурӣ аст, ки ба роҳнамоӣ ҳадиси набавӣ ки ибни Аббос аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад; Гӯш фаро диҳем онҷо, ки мефармояд:

"لَم یُرَ لِلمتحابَّین مثلُ النَّکاحِ"
Яъне: "Илоҷи ишқ ва маъшуқ ҷузъ издивоҷ нест"

Яъне издивоҷ муваффақтарин василаи илоҷи чунин вобастаги аст, ки ба дараҷаи ишқ ва иртиботи қалби зан ва мард расида бошад.

🪶Бар хилофи он чи баъзе қабилаи бодиянишини араб анҷом медоданд ва байни ошиқ ва маъшуқ ҷудоӣ меафканданд.

🌼Ислом дини воқеъбин нисбат ба башар аст, ба ҳамин сабаб иртиботи масоили зану мардро бо қавоиди шаръи ва қонунӣ лозим ва зарурӣ медонад, то ба ин васила хонаводаи мусалмоне, ки ташкил мешавад ҳам аз дин тағзия менамояд ва ҳам ишқ ва муҳаббат онро сероб мегардонад.

🌐Баргирифта шуд аз суханони Дуктур Юсуфи Қарзовӣ رحمه الله

🦋•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•🦋

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед.➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝ҲУКМИ НИГОҲ КАРДАНИ ФИЛМ ва КИНО ва СУРАТ ва МАТН ҳои ҒАЙРИ АХЛОҚУ ЛУХТ (мубтазал ва бад) аз НАЗАРИ ШАРИЪАТ ЧИСТ

  👉 Ҷавоб ба ном ва кумаки Худованди бузургу меҳрабон.

   "Бидуни шак нигоҳ кардан ва хондани чунин киноҳо, матнҳо ва суратҳои бад ва лухт ҳаром ва гуноҳи бузург аст"

📝Аллоҳи мутаол мефармояд:

وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۚ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَٰئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولًا

«Аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил, ҳамаро ба он бозхост кунанд»
📚Сураи Исро Ояти 36

يَوْمَ تَشْهَدُ عَلَيْهِمْ أَلْسِنَتُهُمْ وَأَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُم بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ

    "Рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон ба зиёнашон бар корҳое, ки мекардаанд, шаҳодат диҳанд"
📚Сураи Нур Ояти 24

قُل لِّلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ۚ ذَٰلِكَ أَزْكَىٰ لَهُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَا يَصْنَعُونَ

"Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони хеш фурӯ гиранд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд.Ин барояшон покизатар аст. Ҳаройна, Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!"
📚Сураи Нур Ояти 30

وَقُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ

"Ва ба занони мӯъмин бигӯ, ки чашми худро бипӯшанд ва шармгоҳи худро нигоҳ доранд ва ороиши худро(Яъне: мавзеъҳои зевар)  ошкоро накунанд..."
📚Сураи Нур 31

وَلَا تَقْرَبُوا الزِّنَا ۖ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلًا
"Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!"
📚Сураи Исро Ояти 32

{ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ وَمَن يَتَّبِعْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ فَإِنَّهُ يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ ۚ وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ مَا زَكَىٰ مِنكُم مِّنْ أَحَدٍ أَبَدًا وَلَٰكِنَّ اللَّهَ يُزَكِّي مَن يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

   "Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пои шайтон магузоред. Ва ҳар кӣ пой ба ҷои пои шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад.Ва агар фазлу раҳмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ як аз шумо ҳаргиз рӯи покӣ намедид. Лекин ҳаройна, Худо ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад.Ва Худо шунавою доност!"
📚Сураи Нур Ояти 21

🌴Ва ғайр аз инки гуноҳи бузург аст ва зарарҳои дини ва ҷисми ҳам дорад.

👉 Нигоҳ кардан, хондан ва тамошо кардани чунин филмҳо, матнҳо ва суратҳо, бузургтарин хиёнат дар мол ва неъматҳои Худованд мебошад.

Худованд мол, бинои, саломати, аъзои комил, зинату ҷамол дада на ба ин хотир ки гуноҳ ва нофармони куни? На балки ба ту неъмати биноиро дод то онҳоро дар роҳи хайр боз куни.

🌾Бо кадом виҷдон ва руй фардо назди Худованд ҳозир мешавад.....?
《 والله اعلم بالصواب》
ابو اسماء فرید

💠•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•💠

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед.➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
#Ҳадис

Аз Убода ибни Сомит رضي الله عنهم ривоят аст ки Расули Акрам صلی الله علیه وسلم фармуданд:

"Ҳар Кас барои ъоммаи Мардон ва Занон Муъмин дуъои Мағфират кунад дар муқобили ҳар Мард ва Зани Муъмин як неки барояш навишта мешавад"

📚"Муъҷам ул Кабир" - Табаронӣ , "Маъориф ул ҳадис", ҷ.5 , ҳ.1231

💠•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•💠

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед.➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📝Абу Ҳурайра رضي الله عنه ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуд:

"Агар ду кас якдигарро ба хотири Аллоҳ дуст дошта бошанд ва яке дар Машриқу дигаре дар Мағриб бошад, Аллоҳ онҳоро дар рузи Қиёмат ба ҳамдигар мегардонад ва мегуяд: Ин хамон касест ки туро ба хотири ман дуст дошт».

شعور عائشة

💠•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•💠

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед.➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
⚠️ХОБ ДИДАНИ МОЛИК ИБНИ ДИНОР РӮЗИ МАҲШАРРО⚠️

✍🏻Яке аз донишмандони бузург ва имомони тобеи‌, Молик ибни Динор дар бораи худ мегу‌яд:

✍🏻Зиндагии ҷавониям бо гунаҳ ва шаробну‌шию масти‌ шуру‌ъ шуд. Ба мардум ситам мекардам ва ҳаққи онҳоро меху‌рдам. Аз судхури‌ даст намекашидам ва ҳеҷ маъсияте набуд, ки ба он даст назанам.
Гуноҳ кардан дар назарам ҳеҷ буд, то инки ҳама мардумон аз ман мегурехтаги‌ шуданд . Ру‌зе дилам маи‌л кард, ки зан ва фарзанд дошта бошам. Ҳамсар интихоб намуда издивоҷ кардам ва як соли тамом ҳам нагузашта буд, ки Худо ба ман духтараки ширинру‌е ато кард ва у‌ро Фотима ном гузоштам. у‌ро бениҳоят ду‌ст медоштам.

✍🏻Ҳар қадар, ки Фотима бузург мешуд, ҳамон қадар имонам бештар мешуд ва аз маъсият оҳиста - оҳиста дур мешудам. Фотимаи хурдсол, ки ҳану‌з ду солагиро пурра накарда буд, ҳар вақт медид, ки ман ба даст косаи шаробро бардоштаам наздик мешуд ва қадаҳи дар даст доштаамро мезад, то аз дастам ба замин бирезад. Гу‌е‌ Худо ба дили ин тифли бегуноҳ ин хислатро андохта буд, ки падарашро аз ин роҳ баргардонад. Ҳар қадар, ки Фотимаи хурдсолам бештар бузург мешуд ҳамон қадар имон дар дилам роҳ мекушод ва аз гуноҳ ва маъсият қадам ба қадам дур мешудам.

⚠️Духтари ягонаам Фотима ҳангоме, ки се сола шуд аҷал омаду у‌ро аз наздам бурд.😰😰

✍🏻Акнун ҳолам аз ончи‌, ки пеш буд бадтар шуд ва калимаи сабр ба гу‌шам намедаромад ва гу‌е‌ калимаи «сабру истиқомат дар баробари мусибату бало» дар дуне‌ вуҷуд надошт. Роҳи шаи‌тон ба су‌ям ҳамвор шуд, ру‌зҳо мегузашт ва фикр мекардам, ки чи‌ гуна худро таскин бахшам? Ба чунин хулосае омадам, ки имшаб то саҳар маи‌ мену‌шам ва шояд аз масти‌ ҳамаи ғамҳоро фарому‌ш кунам.

⚠️Пас аз нимаи шаб буд, ки маро хоб бурдааст ва дар хоб дидам, ки дар маҳшаргоҳ қарор дорам ва нури офтоб гирифта шуду торики‌ ҳама ҷоро фаро гирифт, баҳрҳо ба ғорҳои оташ мубаддал гаштанд, замин меларзид, мардумон даста даста ба қие‌матгоҳ меомаданд.😰😰

⚠️Ногоҳ овозеро шунидам, ки якеро пас аз дигаре фаре‌д мезад ва мегуфт: фалон ибни фалон барои ҳисоб бие‌!😭 Медидам, ки он шахс ру‌яш аз тарс сие‌ҳ мегашт, то инки маро фаре‌д зада гуфт: фалон ибни фалон барои ҳисоб бие‌!😭 Дидам, ки дар маҳшаргоҳ касе ғаи‌р аз ман нест, гуе‌ дар ин дашти бекасу торик танҳоям, пас аз он дидам, ки мори сие‌ҳи азимҷусае даҳонашро кушода ба су‌ям меояд.😭

👉🏻Аз тарс намедонам ба кадом тараф гурезам, ногаҳон пирамардеро дидам ва ба у‌ гуфтам: Хоҳиш мекунам маро аз ин мор наҷот деҳ!😭 У‌ гуфт: эи‌ писарам ман пиру нотавонам, чи‌ гуна туро наҷот диҳам? Ба он тараф гурез шояд наҷот е‌би‌. Ба ҷонибе, ки пирамард ишора намуда буд, фиғонкунон давидам, ки ногаҳон оташеро пеши ру‌ям дидам, гуфтам ое‌ аз мор мегурезам ва худро ба оташ меандозам?😢 Пас аз роҳам баргаштам ва боз ба пирамард наздик шудам ва гуфтам: қасам ба Худое, ки туро офаридааст маро наҷот деҳ! 😭😭

✍🏻Пирамард аз ҳолам ба гиря омад ва гуфт: писарам! Чуноне, ки мебини‌ ман заифу нотавонам, чизе аз дастам намеояд, аммо ба тарафи ин ку‌ҳ бирав шояд наҷот е‌би‌.😭

⚠️Ман ба тарафи ку‌ҳ мегурехтам ва мор ҳамчунон ба ман наздик мешуд.

👉🏻 Ҳамин вақт дар болои ку‌ҳ тифлакони хурдсолеро дидам, ки фаре‌дкунон мегу‌янд: Фотима! Фотима! Дасти падаратро бигир - дасти падаратро бигир.😭😭

✍🏻Дидам, ки Фотимаи хурдсолам ба ман наздик шуд ва бо дасти росташ аз дастам гирифт ва бо дасти чапаш морро аз наздам дур кард. Ман аз тарс гу‌е‌ дар танам ҷон намонда буд, ки ба замин нишастам ва Фотимаи хурдсолам чуноне ки дар дуне‌ дар бағалам менишаст, ҳамон гуна ба оғушам даромад ва гуфт: Падарҷон! (ин оятро тиловат кард) 😭😭😭😭

أَلَمْ يَأْنِ لِلَّذِينَ آمَنُوا أَن تَخْشَعَ قُلُوبُهُمْ لِذِكْرِ اللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ الْحَقِّ
«Ое‌ муъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари е‌ди Худо фуру‌тан шавад?»
(Сураи Ҳадид: 16)😭😭😭

- Гуфтам: эи‌ духтаракам, чаро ин мор дунболи ман буд?

- Гуфт: ин ҳамон корҳои бад ва ношоистаатон буд, ки бо дасти худатон тарбият ва бузургаш кардаед ва наздик буд, ки шуморо биху‌рад..😭😭

- Падарҷон! Ое‌ намедонистед, ки амалҳои банда дар ру‌зи қие‌мат ба сурати шаклҳо мубаддал мегарданд? 😰😰👇🏻
- Ман дар ҷавоби саволи духтарчаам Фотима чизе нагуфта пурсидам: пирамарди заифу нотавонеро дидам, у‌ ки‌ буд? Гуфт: у‌ ҳамон корҳои неки анҷом додаатон буд ва шумо ба сабаби маъсияти зие‌д ва амалҳои бо рие‌ ва нохолисонаатон он қадар у‌ро хору заиф кардаед, ки ба ҳолатон мегиряд, вале пуштибони‌ ва дастгириатон карда наметавонад.😭😭

⚠️Агар мани хурдсол фарзанди шумо намебудам ва дар хурдсолиам маро аз даст намедодед, шумо чизи дигаре надоштед, ки ин ҷо дастгиратон мешуд.😭😭

⚠️Аз хоб бедор шудам ва фаре‌д мезадам: 👉🏻 Вақташ расидааст эи‌ Парвардигорам, вақташ расидааст эи‌ Парвардигорам, бале..😭😭 «Ое‌ муъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари е‌ди Худо фуру‌тан шавад?»😭😭

✍🏻Аз ҷои худ бархостам ва ғусл намуда барои гузоридани намози бомдод ва барои тавба ва бозгашт ба су‌и Парвардигорам ба масҷид рафтам. Вақте ба масҷид даромадам дидам, ки имом ҳам ҳамин оятро тиловат менамуд:
«Ое‌ муъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари е‌ди Худо фуру‌тан шавад?»
(Сураи Ҳадид: 16)😭😭

⚠️Мегу‌янд: Молик ибни Динор пас аз он ки тавба кард ҳар ру‌з назди дарвозаи масҷид меистод ва мегуфт:

👉🏻Эй бандаи ноогоҳ, ба су‌и Мавлоят баргард.😭

👉🏻Эй бандаи гунаҳкор, ба су‌и Мавлоят баргард.😭

👉🏻Эй бандае, ки гурехтаи‌, ба су‌и Мавлоят баргард.😭


Мавлоят туро дар шаб ва ру‌з ба су‌и Худ мехонад ва мегу‌яд: Касе, ки ба су‌и ман як ваҷаб наздик шавад ман ба у‌ як зироъ наздик мешавам...😰

✍🏻Таърихнигорон навистаанд, ки донишманди бузург ва яке аз имомони тобеи‌, Молик ибни Динор шаб то субҳ назди парвардигораш гиря мекард ва мегуфт: Парвардигорам! Танҳо Ту ҳасти‌, ки ҷаннатиро аз дузахи‌ медони‌, пас ман аз кадом яке аз ин ду гуру‌ҳ ҳастам? Худое‌! Маро аз ҷаннатие‌н бигардон.😭😭

💠•┈┈┈┈┈┈┈┈┈┈🧕┈┈┈┈┈┈┈┈┈•💠

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед.➡️
@hidoyati_zanon
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 17 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 7 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
HTML Embed Code:
2024/04/29 01:56:30
Back to Top