TG Telegram Group Link
Channel: 🕋 Ҳадисҳо ва қиссаҳои Исломи🌙
Back to Bottom
Ҷаннат таъмин кард. ва тамоми малоикаҳо ба
Марям гуфтанд: « эй Марям Худои
таъоло туро пок гардонид ва туро
беҳтарин занҳои олам қарор дод-сураи Оли
Имрон,ояти 42». Боз малоикаҳо гуфтанд: «Эй
Марям! Парвардигори хешро ибодат кун
ва саҷдаву рукуъ кун,ҳамроҳи
рукуъкунандагон-сураи Оли Имрон,ояти 43».
Дустон
ва хоҳарони ҷон! Қисми 2-юми қиссаи
Ҳазрати Марям,пагоҳ пешкашатон гардонида
мешавад.Умедворам,ки ба шумо писанд
меояд ва бовари дорам,ки ҳамрохи аҳли
хонаводаатон ин қиссаҳоро мехонед. Агар дар
кадом қиссае,ки хатогиҳои техники
бошад,пас аз ҳамаи шумо бахшиш мепурсам. Дар ҳақи банда дуъогу бошед
Боқи Худо хофиз! Таҳиякунанда. БИЛОЛИДИН.📚
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.
ҚИССАИ ҲАЗРАТИ МАРЯМ (Ъ) ҚИСМИ 2-ЮМ:
🌴🌺🌴🌺🌴🌺🌴🌺🌴🌺🌴🌺🌴
Азизони дил! Бо хости Худои меҳрубон, боз қисми дуюми саргузашти ҳазрати Марямро бо ҳам мехонем. Таърихнигорон мегуянд,ки вақте ки ҳазрати Марям (ъ) 14-сола шуд,пас ҲАЙЗ дид,яъне бемории занона шуд. Пас ҳазрати Марям (ъ) ба назди як чашмае бо номи Айнуссалво рафт ва дар он чашма ғусл кард,то ин ки ибодати Худоро анҷом диҳад. Вақте ки дар он чашма ғусл кард ва либосҳояшро пушид,пас ногаҳон як мардеро дид ва аз он мард сахт тарсид. Ҳатто гумон кард,ки он мард ба Марям (ъ) дастдарози мекунад. (сураи Марям ояти 19). Ҳатто дар ривоятҳо омадааст,ки дар бани Исроил як марде буд,ки бе ниҳоят бадкор ва бадахлок буд ва номаш Юсиф буд. Марям (ъ) дар лаби чашма аз он марде ки бо у ру ба ру шуд ва тарсид ва гумон кард,ки ин мард ҳамон Юсиф аст. Аз ин хотир тарсид,зеро фасодкории Юсиф дар байни мрдум овоза шуда буд. Аммо он марде,ки бо ҳазрати Марям (ъ) ру ба ру шуда буд, Ҷабраил (ъ) буд ва ба суи Марям (ъ) гуфт: «ман фиристодаи Парвардигори туам ва омадаам,то ба ту як фарзанде ато кунам» ( сураи Марям ояти 19). Марям (ъ) ба Чабраил (ъ) гуфт: ман духтари бадкор ва бероҳа нестам,пас чи гунна фарзандор мешавам?? Ҷабраил (ъ) гуфт: «Парвардигор мегуяд,ки барои мо бе падар фарзанд пайдо кардан осонтар аст,то он фарзанд нишоне аз қудрати Худо барои мардум бошад ва ин кори муқаррар кардашудааст».(сураи Марям ояти 21). Таърихнигорон мегуяд,ки бо амри Парвардигор ҳазрати Ҷабраил (ъ) тавассути як шамоли хурде ҳазрати Марям (ъ)-ро ҳомиладор кард. Яъне ҳазрати Ҷабраил (ъ) ба суи Марям (ъ) як боде равон кард, пас Марям (ъ) дарҳол атса зад ва гуфт: алҳамдулиллоҳи-р-раббил ъоламин ва дар ҳамон замон ҳомиладор шуд. Баъдан ҳазрати Марям (ъ) ба масчид рафта, ибодати Худоро анҷом дод ва ин ҳодисаи ҳомиладор шуданашро ба кассе нагуфт, зеро медонист,ки бовараш намекунанд. Шабу руз бе ниҳоят гиря кард ва мегуфт: Худоё! Ин чи рузе ҳаст,ки ба сари ман омадааст?? Охир то имруз ягон духтаре бе шавҳар фарзандор нашудааст, пас мардум ба ман туҳмат мекунанд ва ба ҳолам механданд ва падару модари ман шарманда мешаванд- гуфта гиря мекард. Хабари ҳомиладор шудани ҳазрати Марям (ъ) ба мардуми бани Исроил расид ва онҳо омада ҳазрати Марям (ъ) -ро таъна карданд,аммо Марям (ъ) хомуш меистод ва чизе намегуфт. Аз байн 9-моҳ гузашт ва хомиладории ҳазрати Марям (ъ) ошкоро шуд, яъне шикамаш калон шудан гирифт. Ва ҳазрати Марям (ъ) ба хулосае омад, ки ин тифлашро бояд дар ҷое таваллуд кунад,то касе уро набинад. Ва ҳазрати Марям (ъ) ба суи биёбоне рафт ва ба зери дарахти хурмои хушке расид. Ҳар гоҳеки ҳазрати Марям (ъ)-ро дарди кудак мезад,пас ба суи дарахти хурмо нигоҳ мекард ва мегуфт: эй кош мардум маро фаромуш кунанд ва ба назди ман наоянд. (сураи Марям ояти 23). Яъне ҳазрати Марям (ъ) аз мардум шарм мекард. Бо амри Илоҳи дар як лаҳзае дар зери дарахти хурмо як фарзанде таваллуд шуд. Ва баъд аз таваллуд шудани он тифли бегуноҳ дарҳол дарахти хурмо сабз шуд ва баргҳои тозае руёнид. Ҳазрати Марям (ъ) дар зери дарахти хурмо нишаста буд,ки як чашмаи обе пайдо шуд. Ва фариштаҳо аз ҷаннат омаданд ва кудаки ҳазрати Марям (ъ)- ро гирифтанд ва дар он чашмаи пайдошуда шустанд. Ҳамин замон аз ҷониби Парвардигор чунин хитоб омад: « ғам махур, зеро Парвардигори ту бароят чашмае пайдо кардааст». (сураи Марям ояти 24). Яъне Парвардигор ба Марям (ъ) хитоб кард,ки эй Марям! Ғамгин машав,зеро дар зери пои ту чашмае пайдо кардаем. Марям (ъ) ба чеҳраи кудакаш нигоҳ кард,ки чун моҳ ва чун ситора медурахшад. Дар ҳамин ҳангом бо қудрати Илоҳи, он кудак забон пайдо кард ва ба суи модари худ гуфт: Эй модарҷон! Кассе нест,ки туро табрик кунад?? Кассе нест,ки туро барои фарзанди таваллуд кардаат муборакбод гуяд? Пас ту ғамгин машав. Аз таваллуд шудани ман чашми ту равшан бод! Вақте ки ҳазрати Марям (ъ) нигоҳ кард,ки кудаки хурдаш сухан мегуяд, ҳайрон шуд ва меҳраш нисбати фарзандаш зиёдтар шуд. Хулоса, ҳазрати Марям (ъ)пас аз таваллуд кардани кудакаш гурусна шуд.
дустони азиз! Оё мехоҳед донед,ки ҳазрати Марям (ъ) пас аз таваллудаш чи хурда буд??? Оё мехоҳед донед,ки ҳоли он кудаки хурд чи шуд??? пас қисми 3-юми ин қисса пагоҳ тариқи гуруҳи ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ, пешкашатон гардонида мешавад. Агар хатогиҳои техники бошад,пас бахшиш мепурсам. Бовари дорам,ки ин қиссаҳоро ҳамроҳи аҳли хонаводаатон мехонед. Худо нигаҳбони ҳамаи шумо то пагоҳ! Тахиякунанд.
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.📚
ҚИССАИ ҲАЗРАТИ МАРЯМ (Ъ) ҚИСМИ 3-ЮМ:
🌴🌷🌴🌷🌴🌷🌴🌷🌴🌷🌴🌷🌴🌷🌴
Бародарон ва хоҳарони азиз! Биёед боз қисми сеюми саргузашти ҳазрати Марям (ъ)-ро мехонем. ВАҚТЕ КИ МАРЯМ (ъ) фарзандашро таваллуд кард,пас гурусна ва ташна шуд ва бо амри Худованд, аз меваҳои дарахти хурмо хурд ва аз чашмаи об нушид. Худованд ба ҳазрати Марям (ъ) фармуд, ки «агар мардум аз ту бипурсанд,ки ин кудакро аз куҷо овардаи?? Пас ту дар ҷавоби онҳо бигу,ки ман назр (ният) кардаам,ки ба касе сухан намегуям». (сураи Марям ояти 26). Марям (ъ) ин кудакашро,яъне Исо (ъ) пеши бараш гирифт ва ба шаҳре рафт. Мардуми бани Исроил вақте ки Марям (ъ)-ро бо кудаки хурдаш диданд, пас ба суи Марям (ъ)гуфтанд: эй Марям! Падари ту инсони хуб аст ва модарат ҳам як зани покдоман аст,пас ту чи гуна ин кудакро таваллуд карди?? Ва ин кудакро аз куҷо оварди?? (сураи Марям ояти 26). Ҳазрати Марям (ъ) ишора кард,ки аз ҳамин кудак бипурсед. (сураи Марям Ояти 29). Яъне мақсади ҳазрати Марям ин буд,ки аз ман напурсед,ки ин кудакро аз куҷо овардам,балки аз худи ҳамин кудак бипурсед. Мардум гуфтанд: мо чи гунна бо ин кудаке,ки дар гаҳвора аст, сухан гуем?? (сураи Марям ояти 25). Баъдан як марде назди гаҳвораи ҳазрати Исо (ъ) омад ва гуфт: эй кудак! ту кисти ва падарат кист?? Бо қудрати Илоҳи он кудак забон пайдо кард ва гуфт: ман бандаи худоям ва ман пайғамбаре ҳастам,ки мардумро даъват мекунам Худованд маро китобе додааст,ки мардумро ба закоту намозу руза даъват кунам. (сураи Марям ояти 30-31). Ва боз ин кудак гуфт: Худованд маро накукор гардонидааст модарам манро аз роҳи зино ва ё бадбахти ба дунё наовардааст. (сураи Марям ояти 32). Вақте ки мардум диданд,ки ин кудак чунин мегуяд,пас ба хулосае омаданд,ки ин пайғамбар аст ва рост мегуяд. Акнун суханҳои мардум дуруғанд,яъне ба ҷуз ин кудак дигар мардумро бовар намекунем. Ва ҳазрати Марям (ъ) дар сари гаҳвора нишаст ва то калон шудани фарзандаш дар болои сараш ҳар руз китоби Таврот-ро мехонд. Аз ҷониби Парвардигор ба ҳазрати Исо (ъ) нидо омад,ки эй Исо! Мардуми бани Исроилро даъват кун,то имон оранд. Хазрати Исо (ъ) хар руз мардумро даъват мекард,аммо мардум мегуфтанд,ки мо дини ҳазрати Мусо (ъ)-ро намепартоем ва дини як кудаки бе падарро қабул кунем,яъне ҳамон мардуме,ки ба у имон наоварда буданд,чунин суханҳо ва чунин таънаҳо мекарданд. Вақте ки Исо (ъ) –ро чунин таъна карданд,пас ҳазрати Исо (ъ) ғамгин шуд ва ба суи саҳрое рафт. Дар саҳро як гуруҳи мардумро дид,ки ҷома мешустанд,пас ба онҳо гуфт: эй мардум! Ҷомаҳоро шуста пок мекунед,пас чаро дилҳоятонро пок намекунед?? Мардум гуфтанд: чи гуна дилҳои худро пок кунем?? Ҳазрати Исо (ъ) ба мардум гуфт: бигуед ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲУ ИСО РАСУЛУЛЛОҲ пас дилхоятон пок мешавад. Мардум ин суханро гуфтанд ва ба ҳазрати Исо (ъ) имон оварданд. Ҳазрати Исо (ъ) боз дар роҳ рафт ва як гуруҳи мардуми дигарро дид,пас онҳоро даъват кард ва онҳо қабул накарданд ва гуфтанд: агар ту пайғамбар боши,пас ба мо муъҷизаатро нишон бидеҳ то туро бовар кунем. Ҳазрати Исо (ъ) гуфт: ман аз хок барои шумо ҷонваре таёр мекунам ва у зинда мешавад бо амри Худои таъоло. Ва кури модарзодро бино мекунам ва мурдаро зинда мекунам. (сураи Оли Имрон ояти 49). Он гуруҳи мардум ҳазрати Исо (ъ)-ро бовар накарданд ва гуфтанд: эй фарзанди Марям! Оё ту аз осмон барои мо дастархоне оварда метавони?? (сураи Моида ояти 112). Пас ҳазрати Исо (ъ) ба онҳо гуфт: Аз Худо битарсед,агар имондор бошед. (сураи Моида ояти 112). Хазрати Исо (ъ) ба суи сахро рафт ва дуъо карду гуфт: Худо! Бар мо аз осмон як дастархони пурнеъмате бифирист,то нишони кудрати ту монад ва ту бехтарин ризкдиханда хасти. (сураи Моида ояти 114). Дар хамин хангом хазрати Чабраи (ъ) ба назди хазрати Исо (ъ) омад ва гуфт: парвардигор мегуяд,ки ман нозил мекунам ончизеро ки мехоханд,аммо агар кофирон бовар накунанд,пас онҳоро чунон азобе диҳад,ки касеро чунин азоб надода бошад. (сураи Моида ояти 115). Хулоса, дастархон аз осмон нозил шуд ва боз мардум бовар накарданд. Азизони дил! Қиссаи ҳазрати Марям (ъ) ба охир расид. Агар вақт шавад дар мавзуъҳои баъди саргузашти ҳазрати Исо (ъ)-ро пурра бароятон пешкаш мекунам,зеро бе ниҳоят мавзуи калон аст.
Акнун пагоҳ қиссаи «ДУ ДУСТРО» бароятон пешкаш мекунам. Худо хофиз! Таҳиякунанда.
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.📚
Қиссаҳои исломи ба шумоҳо писанд омад?
Anonymous Poll
98%
Бале. Беҳтарин
2%
Не. На онқадар
Forwarded from 🕋 НУРИ ҲИДОЯТ 🌙
ОЁ МО ДАР КИЁМАТ ЯКДИГАРРО ДИДА МЕТАВОНЕМ??
😵😢😵😢😵😢😵😢😵
Худованд дар Куръон дар сураи Ъабаса оятхои 34-35-36 мефармояд: « Рузе мешавад,ки мард аз бародари худ мегурезад ва модараш ва падараш аз якдигар мегурезанд ва ҳамсару писарони мо аз мо мегурезанд». ШАРҲ: Яъне дар рузи қиёмат мо якдигарроо намебинем,балки аз якдигар мегурезем. Хатто модари ғамхор аз фарзанди ширинаш мегурезад. Вақте ки падар бародарашро мебинад, пас дарҳол аз у дур мешавад ва мегурезад. Зан ва шавҳар яз ядигар мегурезанд. ЧАРО АЗ ЯКДИГАР МЕГУРЕЗАНД??? Агар дар рузи қиёмат модар ба фарзанди худ ру ба ру шавад,пас дарҳол аз фарзандаш савоб талаб мекунад, то ин ки савобаш зиёд шавад ва дохили чаннат гардад. Дар он рузи сахт барои хама савоб лозим аст, аз ин хотир фарзандҳо аз модарҳои худ мегурезанд, то ин ки савобҳояшонро нагиранд. Хулоса, зану мард ва бародарону хоҳарон ба якдигар ру ба ру намешаванд. пас агар чунин бошад, Эй азизи дилам!!! Биё бо ҳам дуст бошем ва каҳригиро як чониб бигузорем,зеро ин фурсате мебошад,ки дар ин дунё барои хамаи мо ганимат аст.Он руз ончунон рузе сахте мебошад,ки хатто хеч дустдоштае ва хеч рафике ба ту ёри намерасонад. Пас дусти ва риштаи мухаббати хешро канда накунед, балки дар хама пастива баландихои зиндаги ва дар тамоми гаму шодии якдигар дастгир бошед. Хатто Пайгамбар (с) мегуяд: «Он руз чунон рузе сахте мебошад,ки вакте ки шуморо аз кабрхо мехезонанд, пас баданхои шумо луч хастанд,яъне бе либос аз кабрхо мехезед». Оиша (р) аз Пайгамбар (с) пурсид: эй Пайгамбар! Дар он руз вакте ки зану мард хама бе либос мехезанд,пас оё мардхо ба суи занхо назар намекунанд?? Ва оё ин кори шарм нест?? Пайгамбар (с) гуфт: эй Оиша! Он руз ончунон рузи сахте мебошад,ки хатто баданхои лучатон ба ёдатон намезанд ва ё дар фикри шумо шахвату лаззати занхо намемонад. Яъне аз хама чиз фаромуш мекунед ва хама дар фикри чони худ мешавад. Мо падару модари хешро ва якдигарро хамон вакте дида метавонем, агар дохили чаннат шавем. Агар чунин бошад,пас чаро бо хам кахриги мекунем?? Чаро якдигарро дуст намедорем?? Чаро ба кадри якдигар намерасем?? Дар охир ба хамаи шумо начоти охиратро таманно дорам. Худо нигахбонатон!
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.📚
Ё Аллоҳ
Роҳ ба самти Ту наздик аст
Манам ки бо гуноҳонам аз Ту дур шудаам
дастҳоям холист ..
Ва нигоҳам ба самти Ту медавад ..
Паноҳ мебарам ба Меҳрубоният раҳоям макун эй меҳрубонтарини меҳрубонон паноҳам бош ❤️
ҚИССАИ «ДУ ДУСТИ ТИҶОРАТКОР»:
👬🍃👬🍃👬🍃👬🍃👬🍃👬🍃👬
Дустони азиз! Мо барои шумо
аз саргузашти ҳазрати ОДАМ (Ъ) Ҳазрати Нуҳ (ъ) ҳазрати
Идрис (ъ), ҳазрати Марям (ъ) ва Қиссаи Асҳоби Каҳфро хабар додаем. Агар барои кассе
саргузашти ин пайғамбарҳо лозим бошад,пас
дар гурухи ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ ва ё дар статусҳои
банда дарёфт карда метавонед. Акнун барои
шумо қиссаи ДУ ДУСТ-ро пешкаш мекунам.
МУҲАММАД АЛИИ СОБУНИ чунин мегуяд: Дар
як замоне ду дуст буданд,ки ҳарду ба тиҷорат (савдогари) машғул буданд. Ин ду нафар
якеаш Худотарс ва имондор буд ва дигараш
бе имон буд, яъне ба Худои ягона ва ба рузи
Қиёмат бовари надошт. Ҷавони якум молу
сарвати зиёд дошт ва молу мулк уро аз ёди
Худо ғофил карда буд,барои ҳамин Худоро
ибодат намекард. Оқибат рафиқии ин ду
Ҷавон,яъне дустии ин ду шахс канда шуд ва
Ҷудо шуданд. Ин ҷавоне,ки моли бисёр дошт
ва аз Худо бехабар буд, ҳар бегоҳ аз тиҷорат
меомад ва дар назди рафиқи Худотарсаш,
пулу молашро таъриф мекард. Ин ҷавони бе
имон ба рафиқи имондораш мегуфт: имруз як
боғи калон ва як уштури калоне харидам.
Вақте ки рафиқи худотарсаш,ки ин суханони
уро мешунид,пас мегуфт: Худоё! Ин рафиқи
ман закот ва ятимонро фаромуш кардааст,пас
уро ҳидоят кун. Ва рафиқи Худотарсаш
бошад,чунин мегуфт: ман имруз як боғи
калонеро ва як уштури калонеро дар роҳи
Худо хайр кардам. Ҷавоне,ки аз Худо бехабар
буд ба рафиқи имондораш мегуфт: ин қадар
хайру садақае,ки дар роҳи Худо мекуни,оё
пули онҳоро ки ба ту медиҳад?? Ҷавони
Худотарс гуфт: пули хайру садақаҳои манро
Парвардигор дар рузи қиёмат ба ман
медиҳад. Ин ҷавони бе имон гуфт: оё ту
бовари дори,ки устухонҳои пусидаи мо боз
дубора зинда шаванд?? Хулоса, ҷавони бе
имон ба Худо ва ба рузи қиёмат бовари
надошт. Аз байн солҳо гузашт ва ин ДУ ДУСТ,
вафот карданд ва аз дунё гузаштанд. Он
Ҷавоне,ки дар дунё ба Худо бовари дошт ва
ибодати Худоро мекард, дохили ҷаннат шуд.
Ва дар ҷаннат ба мардуми ҷаннати гуфт,ки
ман дар дунё як рафиқе доштам,ки вай
тиҷораткор буд,аммо ба рузи қиёмат ва ба
Худованд бовари надошт. Ин ҷавони
имондор ба ҷаннатиҳо гуфт: оё мехоҳед, ки аз
Ҳоли ҳамон рафиқи бе имони ман хабардор
шавед?? Оё мехоҳед,ки донед,ки вай чи гунна
азоб дорад?? Мардуми дар ҷаннат буда
гуфтанд: бале мехоҳем,ки аз ҳоли рафиқат
хабардор шавем. Худованд, бо қудрати худ,
азоби он ҷавони бе имонро ба мардуми дар
Ҷаннат буда нишон дод. Вақте ки онҳо
диданд,ки он ҷавон дар дузах месузад,пас
рафиқи Худотарсаш ба суи у чунин гуфт: эй
рафиқи бе имон! Ту дар дунё ба Худо бовари
надошти,пас аз ҳамин сабаб ту дар азоб
Ҳасти. Рафиқи имондораш боз гуфт: агар ман
дар роҳи ту ва дар ақидаи ту мерафтам ва
пайрави ту мешудам,пас ҳоли ман ҳам мисли
ту мешуд. Аммо худоро шукр,ки пайрави ту
нашудам,пас бо ҳамин сабаб дохили ҷаннат
шудам. Акнун дустони азиз! худ биандешед,ки
дусти бад ва рафиқи нохуб моро ба куҷо
мерасонад. Пас барои ҳамин бо шахсоне бад
рафиқи накунед,балки ҳамеша касеро дуст ва
рафиқи худ гиред,ки у намозхон ва Худотарс
бошад. Чуноне,ки мардум мегуяд:БО МОҲ
ШИНИ МОҲ ШАВИ,БО ДЕГ ШИНИ СИЁҲ
ШАВИ. Яъне рафиқи нохуб ва дусти бе намоз,
шуморо ҳам бе намоз мекунад. ШЕЪР: Бо
бадон кам нишин,ки суҳбати бад, Гарчи поки
туро палид кунад. Офтоби барин бузургро.
Пораи абр нопадид кунад. Азизони дил! Агар
хоҳед,ки ин қиссаро пурратар хонед,пас ба
сураи СОФФОТ ояти 50-61 ва ба сураи НУР
ояти 61 ва ба сураи БАКАРА ояти 86-175 ва ба
сураи ҶУМЪА ояти 9-назар кунед. Азизони
дил! Аз пагох сар карда бароятон саргузашт
ва қиссаи «ҲАЗРАТИ ЛУТ (Ъ)» пешкаш карда
мешавад. Боқи Худо ҳофиз! Таҳиякунанда.
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.📚
ҚИССАИ Ҳазрати Иброҳим (а) ҲАМААШ АЗ АВВАЛ ТО ОХИР
🍃🌺🍃🌺🍃🌺🍃🌺🍃
ва таваллуди Ҳазрати Исмоил (а)
Вақто Иброҳим (а) бо пайравонаш дар сарзамине қарор гирифт, занаш, ки ҳомила буд, писар таваллуд намуд, номашро Исмоил
гузоштанд. Ҳазрати Иброҳим (а) ва завҷааш аз таваллуди Исмоил хеле шод шуданд, зеро фарзанд надоштанд ва Худовандро аз
тавлиди фарзанд шукрона гуфтанд. Иброҳим (а) қаблан зани дигаре ҳам дошт, ки бо ҳам хеле зиндагӣ карданд, локин аз онҳо фарзанде ба дунё наомад. Ёдатон бошад ин ҳамон занест, ки дар қиссаи Лут (а) малоикаҳо ба ҳазрати Иброҳим (а)
муждаи фарзанд дода буданд. Ҳазрати Иброҳим маҷбур шуд Исмоили хурдакакро бо модараш ба дигар
ҷо барад ва онҳо дар он ҷойистиқомат намоянд.
БА СӮИ САҲРО
Ҳазрати Иброҳим (а) зану фарзандашро гирифта ва ба сафари дуру дарозе баромад, то ба он ҷое, ки имрӯз хонаи Худо – Каъба аст
расид. Он ҷо зану фарзандашро гузошта худ бозгашт. Албатта ҳамаи ин бо амру фармони Худованд буд. ӯ мегуфт: Парвардигоро, ҳар оина ман сокин сохтам баъзе авлоди худро ба водии безироат наздики хонаи мӯҳтарами Ту. Модари Исмоил таваккул ба Худо намуда розӣ шуд ва бо фарзандаш дар сарзамини бе об бимонд. Иброҳим (а) ба ватани худ баргашт.
КӮШИШ ВА ФАРЁД
Захираи хӯрданӣ ва нӯшидание, ки Иброҳим (а) назди зану фарзанди худ гуузошта буд тамом шуд, кӯдак аз гуруснагию ташнагӣ азоб
мекашиду мегирист. Модар бо умеди он, ки шояд хӯрданӣ ё нӯшидание пайдо намояд ҳар тараф медавид, ҷустуҷӯ менамуд. Локин
дар ин саҳрои хушк таому об аз куҷо пайдо мегашт? Модари Исмоил аз давутози зиёд хаста шуда, рӯ ба Худо овард:
-Эй Парвардигори меҳрубон, ҳалқи ин тифл аз ташнагӣ хушку меъдааш аз гуруснагӣ ба дард даромад, маро наҷот деҳ.
ЧАШМАИ ЗАМ – ЗАМ
Вақто, модари хаставу бемадор ба назди фарзанди худ бар мегардад мебинад, ки аз дасту позании зиёди ин тифл бо баракати Худованди меҳрубон аз зери қадамҳои ӯ аз синаи санг чашмае фаввора мезанад. Модар дар ҳол сару рӯи фарзандашро бо об тар намуда қатра – қатра ба ӯ об медиҳад. Тифл, ки қариб буд аз гуруснагию ташнагӣ бимирад дар баданаш қувват пайдо мегардад.
ВАТАН ВА ИСТИҚОМАТГОҲ
Оби чашма беист фаввора зада мебаромад, паррандаҳо поин шудаву об менӯшиданд ва ин сабаб шуд то мардум аз дур инро дида
донистанд, ки дар он макон бояд об бошад чунки паррандаҳо бе сабаб поён намешаванд. Вақго, ки таҳқиқ карданд он ҷо об аст, қарор доданд, ки дар назди чашма назди тифли ширхӯр ва модари меҳрубон хона созанд ва истиқомат намоянд. Бисёриҳо кӯч баста омада дар наздикии чашма хона сохтанд ва қарор гирифтанд. Модар ки ранҷи танҳоиву сахтиро дида буд шод шуд ва Худованди меҳрубонро шукр мекард, чунки Парвардигори якто бо қудрату тавоноияш аз синаи санги сахт барои онҳо об ҷорӣ сохт, паррандаҳо фиристод, мардумро дар атрофи чашма ҷамъ намуд, саодату некбахтиро ба ин макон овард.
ИМТИҲОНИ НАВ
Иброҳим (а) писарашро фаромӯш накард. Сари вақт ба зиёраташ меомад. Солҳо гузаштанд. Исмоил ба сини ҷавонӣ расид, дар ҳамин айём аз ҷониби Худованд ба ҳазрати Иброҳим (а) амр шуд то писарашро қурбонӣ кунад! Ин супориши мушкил ва вазнину
гароне буд! Иброҳим (а) пеш аз таваллуди Исмоил фарзанде надошт, умраш ба ҷое расида буд, дар тӯли ҳаёт муштоқи фарзанд
буд. Баъди таваллуд шудани Исмоил бо баъзе сабабҳо ӯро бо модараш ба саҳрои бе обе бурда мемонад, ки қариб буд модару писар ҳалок шаванд, пас аз ин қадар машаққати бе фарзандӣ ва ҷудоӣ аз фарзанди ягона болои ин машақатҳо бояд Иброҳим (а) фарзанди ягона ва дӯстдорашро қурбонӣ мекард. Чорае нест, амри Худованди бахшандаи меҳрубон аст. Иброҳим (а) бояд ин мушкилиро таҳаммул намояд ҳамон тавр, ки мушкилоти зиёдеро таҳаммул карда буд.
Худовандо, сабру бардошту тоате, ки Иброҳим (а) дошт барои мо насиб гардон!
БАЁНИ АМР
Падар ба сӯи сарзамини фарзандаш ҳаракат мекунад ва барои писараш супориши Илоҳиро мерасонад: «Эй
фарзандам: Дар хоб дидам, ки туро қурбонӣ намудам». Фарзанд итоаткорона қабул намуда бо садои пур аз ҷасорат гуфт: «Эй
падар ба чизе маъмур шудаӣ, иҷро намо, агар Худо бихоҳад маро аз ҷумлаи сабркунандагон меёбӣ». Додаракон ва хоҳаракон
меҳрубонам, ба сабру таҳаммули падар ва итоаткории фарзанд амри Илоҳиро бингарему панд бигирем.
КОРД НАМЕБУРАД
Шайтони лаъин мехост ба ҳар сурате шакку дудилагӣ ва иҷро накардани фармони Илоҳиро дар нафси Иброҳим (а) ҷо намояд то, ки
Иброҳиму писараш аз ин фармони Худовандӣ рӯ гардонанд. Локин ҳазрати Иброҳим (а) шайтонро чандин маротиба бо сангҳо зад ва аз худ дур сохт. Сипас Иброҳим корди тезро гирифта чашмони писари ягона ва ҷигарбандашро баста ба гиря даромад. Дар ин ҳол писар аз падараш талаб мекард, ки бо сабру тоқат бошад ва амри Худоро иҷро намояд. Падар корд бар гардани фарзанд меронд, вале корде, ки аз .алмос ҳам тезтар буд кора намекард ва намебурид. Иброҳим (а) чандин маротиби дигар кордро меронд, локин корд набурид. Иброҳим (а) дар кори худ ҳайрон монд ва фаҳмид, ин ҷо сирест, ки аз ӯ пинҳон аст ва намедонад. ӯ дуо мекард ва аз Худованди таоло мехост то ӯро наҷот диҳад. Корд бо вуҷуди ин, ки тезу буррост кора накард. Ҳазрати Иброҳим (а) рӯ ҷониби Худованд оварда мегуфт: Намебурад!!! Парвардигоро ман чӣ кор кунам? Эй Худо Ту маро амр намудӣ ва ин ҳоли ман аст?
ҲАДЯИ БУЗУРГ
Дар ин ҳол ҳазрати Иброҳим (а)садои малоикаеро мешунавад, ки нидо мекард: «Эй Иброҳим (а) дар ҳақиқат хоби дидагиатро амалӣ сохтӣ». Худованди мутаол дар ивази Исмоил (а) гӯсфанди бузургеро фиристод. Гӯсфандро малоике бардошта оварда назди Иброҳим (а) гузошт то, ки Иброҳим дар ивази фарзанди итоаткораш қурбонӣ намояд. Ҳамин буд бародарони азиз натиҷаи имону боварӣ ва
ҷонфидоии падару писар. Бо ҳамин Худованд падарро аз ҳайронӣ ва писарро аз қурбонӣ наҷот дод.
БИНОИ КАЪБА
Иброҳим (а) ба макони худ баргашт ва муддати зиёде ба зиёрати фарзандаш наёмад. Баъди чанде ба сӯи фарзандаш омад, локин на
барои аёдат, балки барои кори муҳиме, барои бардоштану иморат кардани хонаи Каъба ва аввалин масҷиде, ки дар он Худованд ибодат карда мешавад. Гӯш бидиҳем ба қиссаи бинои Каъба дар Қуръони Шариф: «Он гоҳ, ки баланд карданд Иброҳим ва
Исмоил бунёдҳои хонаро гуфтанд: Эй Парвардигори мо қабул кун аз мо ҳар оина Ту шунаво ва доно. Эй Парвардигори мо бигардонӣ моро фармонбардори худат ва аз авлоди мо бикун гурӯҳе мутеи худат ва бинмо моро роҳи ибодатҳои мо ва ба меҳрубонӣ боз ой ба мо ба дурустӣ, ки Туӣ тавбапазиру меҳрубон. Эй Парвардигори мо бифирист дар миёни эшон Пайғамбаре аз онҳо бихонад барои
онҳо оятҳои Туро ва биомӯзад онҳоро китоб ва илм ва пок созад онҳоро ҳар оина Туӣ тавонову доно». Фарзандони азизам вақто, ки ҳаҷ кардед ё ки тарафи Каъба намоз хондед қиссаҳои оби зам - зам ва ҷонфидоии Исмоилро ба ёд биёред. Алон додаракони хурдсолам биёед якҷоя баъди хондани қиссаҳои Иброҳим ва Исмоил (а) фикр кунем ва натиҷа барорем ва фоидаҳое, ки аз ин ду қисса мумкин аст бигирем тазаккур намоем. Аз маънои ин ду қисса
1. Барои шахси мусулмон зарур аст монанди пешвоямон Иброҳим бо фикру андеша ва ақлу идрок ба
Худованди таъоло имон орад ва бовар намояд.
2. Бар ҳар мусулмон лозим аст нотарсона ҳақиқатро ошкор намояд.
3. Бояд бидонанд, ки Худованд бо ӯст, кӯмак ва ёриаш медиҳад.
4. Фармонҳои Илоҳиро иҷро намоянд.
5. Дар муқобили азобу шиканҷаи кофирон бо сабр бошад.
6. Дар даъваташ ба сустӣ ва хастагӣроҳ надиҳад.
7. Иброҳимвор имон дошта бошад ва Исмоил барин дар муқобили амри Илоҳӣ итоаткор бошад.
8. Аз Худованди мутаол ҳидояти мардумро бихоҳад ва даъваташро идома диҳад.
9. Кӯшиш намояд режими фасодро ҳар куҷое, ки бошад тағйир диҳад, ба нодониву куфр розӣ нашавад.
10. Бидонад ва дарк намояд, ки зафар ва некбахтӣ нисбати мӯъминон аст. Оқибати куфри ботил ҳалокат ва нобудист.
ҲАДИСҲО ВА ҚИССАҲОИ ИСЛОМИ.
HTML Embed Code:
2024/05/04 11:37:13
Back to Top