TG Telegram Group Link
Channel: ⚜️Амри Маъруф⚜️
Back to Bottom
#Вақти_ифтор (барои Душанбе) 19:06

Дуъои Ифтор
Арабӣ🇸🇦:
Аллоҳума лака сумту ва бика аманту ва алайка таваккалту ва ала ризқиқа афтарту. Бираҳматика я арҳамар-роҳимин.


Тоҷикӣ🇹🇯:
Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.

📝Эзоҳ:

🕕 Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти шаҳри Душанбе аст: Истаравшан - 5 дақ., Кӯлоб - 5 дақ., Хуҷанд - 7 дақ., Рашт - 7 дақ., Конибодом - 9 дақ., Исфара - 9 дақ., Ашт - 9 дақ., Хоруғ - 12 дақ., Мурғоб - 20 дақ.

🕕Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти шаҳри Душанбе аст: Бохтар - 4 дақ., Шаҳритуз - 5 дақ., Айнӣ - 5 дақ, Панҷакент - 5 дақиқа.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
Иди Саъиди Фитр бар якоякатон муборак бошад. Аллоҳи Меҳрубон тамоми кӯшишҳову хайрҳое, ки дар ин моҳи Шариф кардед, қабул ва мавриди писанди даргоҳи бениёзаш гардонад. Аллоҳи Бузург ҳамаи мову шуморо то ба Рамазони дигар соқу саломат расонад. Амин🤲🤗

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
Аз Абу Аюби Ансорӣ ривоят аст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Касе, ки дар Рамазон рӯза дошт, баъди он шаш рӯзи рӯзаи моҳи Шаволро ба он илова намуд, монанд аст, ба шахсе, ки як сол рӯза доштааст".

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
(99) - عَنْ أَََبِي أَيُّوبَ الْأََنْصَارِيِّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أ: مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ.
(مسلم - 1164).

Хадис!
Абу - Айюуби Ансори, разияллоҳу ъанҳу, мегӯяд!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Ҳар касе, ки моҳи рамазонро рузаҳ бигирад.
Ва баъд аз он шаш рӯзи моҳи шаволро низ рузаҳ бигирад, ин ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

(Муслим - 1164).


Шарх!
Ва маъной - (кона ка сиёми даҳр)

(كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ)

Яъне - ҳар касе, ки моҳи рамазонро ба пурраги рузаҳ, бигирад, ва баъд аз моҳи рамазон шаш рӯзи моҳи шавволро низ рузаҳ бигирад, аз ҷиҳати ҳисоби аҷрҳо ба монанди оне аст, ки гуё як соли пурраҳро рузаҳ гирифтааст.
Яъне, ки савоби рузаҳ гирифтани - 36, рӯз, баробар ба - 360, рӯз мешавад.
Чунки дар ҳар як рӯзе аз рӯзҳой моҳи рамазон, 10 - савоб мегирад, ва дар си рӯзи моҳи рамазон 300 - савоб мегирад, ва дар 6 - рӯзи моҳи шаввол, шаст савоб мегирад, ин баробар мешавад ба ъададҳой рӯзҳой сол.
Пас рузаҳ гирифтани моҳи рамазон, ва рузаҳ гирифтани шаш рӯз, аз моҳи шаввол, ба монанди рузаҳ гирифтани тамоми сол мебошад.

Аллоҳи мутаъаал фармудааст!

(مَن جَآءَ بِٱلْحَسَنَةِ فَلَهُۥ عَشْرُ أَمْثَالِهَا).

Ҳар касе, ки ъамале анҷом диҳад, аҷраш барой ҳамон шахс даҳ баробар мебошад.
Аллоҳу аълам.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1215 - عَنْ أَبِي حُمَيْدٍ السَّاعِدِيِّ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ قَالَ: اسْتَعْمَلَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ رَجُلاً مِنَ الأَزْدِ عَلَى صَدَقَاتِ بَنِي سُلَيْمٍ يُدْعَي ابْنَ الأُتْبِيَّةِ، فَلَمَّا جَاءَ حَاسَبَهُ، قَالَ، هَذَا مَالُكُمْ، وَهَذَا هَدِيَّةٌ، فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «فَهَلاَّ جَلَسْتَ فِي بَيْتِ أَبِيكَ وَأُمِّكَ حَتّي تَأْتِيَكَ هَدِيَّتُكَ، إِنْ كُنْتَ صَادِقًا»؟ ثُمَّ خَطَبَنَا فَحَمِدَ اللَّهَ وَأَثْنَى عَلَيْهِ، ثُمَّ قَالَ «أَمَّا بَعْدُ، فَإِنِّى أَسْتَعْمِلُ الرَّجُلَ مِنْكُمْ عَلَى الْعَمَلِ مِمَّا وَلاَّنِي اللَّهُ، فَيَأْتِي فَيَقُولُ، هَذَا مَالُكُمْ وَهَذَا هَدِيَّةٌ أُهْدِيَتْ لِي، أَفَلاَ جَلَسَ فِي بَيْتِ أَبِيهِ وَأُمِّهِ حَتَّى تَأْتِيَهُ هَدِيَّتُهُ، إِنْ كَانَ صَادِقًا، وَاللَّهِ لاَ يَأْخُذُ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنْهَا شَيْئًا بِغَيْرِ حَقِّهِ، إِلاَّ لَقِيَ اللَّهَ تَعَالَى يَحْمِلُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، فَلأَعْرِفَنَّ أَحَدًا مِنْكُمْ لَقِيَ اللَّهَ يَحْمِلُ بَعِيرًا لَهُ رُغَاءٌ، أَوْ بَقَرَةً لَهَا خُوَارٌ، أَوْ شَاةً تَيْعِرُ» ثُمَّ رَفَعَ يَدَيْهِ حَتَّى رُئِيَ بَيَاضُ إِبْطَيْهِ، ثُمَّ قَالَ: «اللَّهُمَّ هَلْ بَلَّغْتُ»؟ بَصُرَ عَيْنِي وَسَمِعَ أُذُنِي. (مسلم - 1832).

Ҳадис!
Ҳазрати Аби Ҳумайди Соъиди, разияллоҳу ъанҳу, мегӯяд, ки Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, мардеро аз қабилаҳи Азди, ки ӯро ибни Утбияҳ, мегуфтанд, барои ҷамъоварии молӣ садақот вазифадор кард. Вақте, ки аз ҷамъоварии закот баргашт, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам аз вай ҳисобу китоб гирифт, ва ӯ ба Расулуллоҳ салаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт, ки ин молҳо моли шумо аст, ва ин ҳадя (барои ман дода шуда аст. ) Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд!
Пас чаро дар хонаи падар ва модарат нанишасти, то бароят ҳадяҳ мерасид агар ростгӯ ҳасти.

Баъдан Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам барои мо хутбаҳ баён кард, ва ҳамду ситоиши Аллоҳи мутаъаал-ро гуфт, ва сипас фармуд!
Аммо баъд, ман (вақте, ки) яке аз шумоёнро дар як коре вазифадор мекунам, дар ҳолеки Аллоҳ, ҳақ субҳонаҳу ва таъаалаа, маро мас-ули ин кор қарор дода аст, ва ин мард меояд ва мегӯяд, ки ин моли ту аст ва ин ҳадияҳе аст, ки барои ман дода шуда аст. Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд, ки чаро дар хонаи падар ва модараш нанишаст, то ҳадияҳ ба дасташ бирасад агар рост гӯй ҳаст.
Қасам ба номи Аллоҳ, (агар) яке аз шумо чизеро хиёнатан аз моли садақаҳ мегирад магар дар ҳоле Аллоҳро дар рӯзи қиёмат мулоқот мекунад, ки чизи хиёнат кардааш дар гарданаш овезон аст, ва ман яке аз шуморо мебинам, ки Аллоҳро мулоқот мекунад ва уштуреро дар гардани худ ҳамл карда аст, ва барои ӯ садое аст.
Ё говеро ҳамл карда аст, ва барои ӯ садое аст.
Ё гусфандеро ҳамл карда аст, ва барои ӯ садое аст.
Сипас Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дастҳои худро ба тарафи осмон чунон баланд кард, ки сафеди таги бағалаш намоёон шуд, ва гуфт!
Бор Илоҳо!
Оё ман ( Амри туро ба бандагонат ) расондам.
Ровии ҳадис мегӯяд, ки ин саҳнаро бо чашмонам дидам ва бо гӯшҳоям шунидам.
(#Муслим - 1832).


Шарҳи ҳадис!
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, мардеро аз қабилаи Азди, барои ҷамъоварии садақот, вазифадор кард, ва он мард вақте, ки барои ҷамъовари садақот рафт, ва баъзе аз мардум, ба ғайр аз моли садақаҳ як чизе ҳадияҳ барояш доданд, ва вақте, ки аз ҷамъоварии закот бар гашта омад, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз ӯ ҳисобот гирифт. Он мард ба Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, гуфт!
Ин моли шумо аст, ва инаш ҳадияҳе аст, ки барои ҳадияҳ ман дода шуда аст.
Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, хашмгин шуд, ва сипас баъд аз ҳамд ва санои Аллоҳи мутаъаал, мардумро насиҳате кард ва гуфт!
Вақте, ки ман яке аз шуморо дар ҷамъоварии моли закот вазифадор мекунам, дар ҳоле бар мегардед ва мегуед, ки ин моли шумо аст, ва инаш бошад, барои ман ҳадияҳ дода шуда ас.
Агар ман шуморо вазифадор намекардам ва шумо дар хонаатон менишастед, оё касе барои шумо ҳадияҳе медод?

Пас ҳар касе, ки дар моли закот хиёонат кунад, дар рӯзи қиёмат ба ҳамон моли хиёнат кардааш ъазоб дода мешавад.

Фоидаи ҳадис!
1) - Инсонҳои садоқатманд, бояд ба вазифаҳ гузошта шаванд.
2) - Ҳар моле, ки дар вақти ҷамъоварии закот дода мешавад, таъалуқ ба байтулмол дорад.
3) - Дар баробари ъамали хиёнат, бояд ба мардум насиҳат карда шавад.
4) - Инсонҳои хиёнаткор дар рӯзи қиёмат ошкор мешаванд.
5) - Инсон ҳар чизеро, ки хиёнат мекунад бо ҳамон чиз дар рӯзи қиёмат ъазоб дода мешавад.
5) - Набии Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, динро барои мо комил карда аст.

Боракаллоҳу фикум.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
28 - عَنْ حُذَيْفَةَ ابْنِ الْيَمَنِ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ قَالَ :
قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، (لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ قَتَّاتٌ).
(بخارى - 6056).

Ҳадис!
Аз Ҳузайфаҳ ибни Ямон, разияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Касе, ки суханчин мебошад дохили биҳишт намешавад.
(Бухори - 6056).

Шарҳ!
Ногуфта намонад, ки суханчин ба шахсе гуфта мешавад, ки дар байни ду нафар ва ё дар байни мардум, сухан чинӣ ва хабар каши мекунад, то ин, ки дар байни онҳо ҷангу ҷанҷол ва душмани биандозад.
Дар як шеър чунин омадааст, ки
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст.
Суханчини бадбахт ҳезум каш аст.
Қаттод гуфта наммомро мегӯянд, яъне сухан ҷинро мегӯянд).
Боракаллоҳу фикум.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
عَنْ حُذَيْفَةَ بْنِ الْيَمَانِ قَالَ : قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : ( يَدْرُسُ الْإِسْلَامُ كَمَا يَدْرُسُ وَشْيُ الثَّوْبِ ، حَتَّى لَا يُدْرَى مَا صِيَامٌ وَلَا صَلَاةٌ وَلَا نُسُكٌ وَلَا صَدَقَةٌ ، وَلَيُسْرَى عَلَى كِتَابِ اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ فِي لَيْلَةٍ ، فَلَا يَبْقَى فِي الْأَرْضِ مِنْهُ آيَةٌ ، وَتَبْقَى طَوَائِفُ مِنْ النَّاسِ الشَّيْخُ الْكَبِيرُ وَالْعَجُوزُ ، يَقُولُونَ أَدْرَكْنَا آبَاءَنَا عَلَى هَذِهِ الْكَلِمَةِ ، لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ فَنَحْنُ نَقُولُهَا .
فَقَالَ لَهُ صِلَةُ : مَا تُغْنِي عَنْهُمْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَهُمْ لَا يَدْرُونَ مَا صَلَاةٌ وَلَا صِيَامٌ وَلَا نُسُكٌ وَلَا صَدَقَةٌ؟!
فَأَعْرَضَ عَنْهُ حُذَيْفَةُ ، ثُمَّ رَدَّهَا عَلَيْهِ ، ثَلَاثًا ، كُلَّ ذَلِكَ يُعْرِضُ عَنْهُ حُذَيْفَةُ .
ثُمَّ أَقْبَلَ عَلَيْهِ فِي الثَّالِثَةِ فَقَالَ : يَا صِلَةُ ؛ تُنْجِيهِمْ مِنْ النَّارِ ، ثَلَاثًا ) .
(( روى إبن ماجه 4049
والحديث صححه الألباني في صحيح ابن ماجه .))

Хадис!
Хузайфа ибни Ямон, разияллоҳу ъанҳу мегӯяд!
Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Ислом аз байн меравад, ҳамчуноне, ки риштаҳой либос, (якто - якто кушода шуда аз байн мераванд, ба ҳамин гуна аз байн меравад Ислом), ҳатто, ки (мардум) намедонанд, ки рӯзаҳ чист, ва намоз чист, ва ҳаҷ чист, ва закот чист.
Ва китоби Аллоҳи мутаъаал, (яъне - қур-они Карим), низ дар як шаб, бардошта мешавад, (то ҷое, ки), дар рӯй замин як оятҳам боқӣ намемонад.
Ва (дар рӯй замин), тоифае аз мардум боқӣ мемонанд, ки мардони солхурдаҳ, ва занони солхурдаҳ, ҳастанд.
Онҳо мегӯянд!
Мо аз падару бобоҳой худамон, ҳамин калимаҳи Лап илаҳа иллаллоҳро, (таълим гирифтаем), ва мо низ ҳамин калимаро мегӯем.
Силаҳ, (ба Ҳузайфаҳ ибни ямон), гуфт!
Ин калимаҳи, Лаа илааҳа иллаллоҳ, барой онҳо чӣ фойда мебахшад, дар ҳоле, ки онҳо намедонанд, ки намоз чист, ва рӯзаҳ чист, ва ҳаҷ чист, ва закот чист!?
Ин суханро барой
Хузайфаҳ, разияллоҳу ъанҳу, се маротибаҳ такрор кард.
Сипас дар охир Ҳузайфаҳ, ибни Ямон, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Эй Силаҳ, (гуфтани ана ҳамин калимаҳ) онҳоро аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, ва себор ҷавоб гуфт!

(Ривояти ибни Моҷаҳ - 4049.
Сахих Албони, дар сахих ибни Моҷаҳ).

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1219 - عَنْ يَزِيدَ بْنِ أَبِي عُبَيْدٍ مَوْلَى سَلَمَةَ بْنِ الأَكْوَعِ قَالَ: قُلْتُ لِسَلَمَةَ: عَلَى أَىِّ شَىْءٍ بَايَعْتُمْ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَوْمَ الْحُدَيْبِيَةِ؟ قَالَ: عَلَى الْمَوْتِ.
(مسلم - 1860).

Ҳадис!
Язид ибни Аби - Ъубайд, мавлои Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу, фармуд!
Ман ба Саламаҳ ибни Акваъ, разияллоҳу ъанҳу гуфтам.
Бар чи чизе шумо бо Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, рӯзи Ҳудайбӣяҳ, байъат кардед?
Гуфт!
Бар мавт.
(Яъне - бар марг байъат кардем, вале баъзеҳо гуфтанд, ки бар фирор накардан аз ҷанг байъат кардем.)

(#Муслим - 1860).

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1221- عَنْ جُنَادَةَ بْنِ أَبِي أُمَيَّةَ قَالَ: دَخَلْنَا عَلَى عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ وَهُوَ مَرِيضٌ فَقُلْنَا: حَدِّثْنَا أَصْلَحَكَ اللَّهُ، بِحَدِيثٍ يَنْفَعُ اللَّهُ بِهِ، سَمِعْتَهُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: دَعَانَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَبَايَعْنَاهُ، فَكَانَ فِيمَا أَخَذَ عَلَيْنَا أَنْ بَايَعَنَا عَلَى السَّمْعِ وَالطَّاعَةِ، فِي مَنْشَطِنَا وَمَكْرَهِنَا، وَعُسْرِنَا وَيُسْرِنَا، وَأَثَرَةٍ عَلَيْنَا، وَأَنْ لاَ نُنَازِعَ الأَمْرَ أَهْلَهُ، قَالَ: «إِلاَّ أَنْ تَرَوْا كُفْرًا بَوَاحًا عِنْدَكُمْ مِنَ اللَّهِ فِيهِ بُرْهَانٌ». (مسلم - 1709).

Ҳадис!
Ҷунода ибни Аби - Умайяҳ, раҳимаҳуллоҳ, мегӯяд!
Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу, мариз буданд, ки мо ба наздаш даромадем ва гуфтем!
Аллоҳи мутаъаал туро шифо диҳад.
(Ва баъд аз он ба ӯ гуфтем).
Баён кун барои мо ҳадисеро, ки аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ту шунидани, ва Аллоҳи мутаъаал, (ъамал кардани бар он) ҳадисро барои мо фойданок гардонад,
(ва аҷру подош барои мо насиб гардонад).

Пас Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, моро ба наздаш даъват кард.
Ва мо бо Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, байъат кардем.(Байъати ъақабатул уулаа, ки ду сол қабл аз ҳиҷрат буд).
Пас аз ҷумла умуре, ки дар мавриди онҳо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз мо байъат гирифт, ин буд, ки мо ба гӯш кардан ва итоъат кардан, бо ӯ байъат кардем.
Он чизеро, ки барои мо мегӯяд, мувофиқи хоҳишоти нафси мо бошад, (яъне - нафс бар он мутмаъин шавад, ва розӣ шавад), ва ё он чизеро, ки барои мо мегӯяд, агар, чи хилофи хоҳишоти нафси мо бошад, боз ҳам, мо бо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, байъат кардем.
Чи дар ҳолати сахти бошад, ва чи дар ҳолати осони бошад, ва чи дар ҳолати фақру беморӣ бошад, ва чи дар ҳолати шодӣ ва озодӣ бошад.
Дар ҳама ҳолатҳо, мо бо ӯ байъат кардем.

Ва тарҷиҳ додани бар мо, (яъне - агар, чи валиюл амр баъзе чизҳой дунёро барои худаш тарҷиҳ диҳад, яъне баъзе молу - анволу, ҷову маконро, азони худаш кунад, ва моро аз он чизҳо маҳрум созад, дар ҳоле, ки мо дар он чизҳо ҳақ дорем, аммо ӯ он чизҳоро
азони худаш кунад, ва ё барои дигар касе бидиҳад,
боз ҳам, мо бо ӯ байъат шикани намекунем).
Ва боз ҳам мо бо ӯ байъат кардаем.

Ва ҳам чунон мо бо ӯ (яъне - бо валиюл амр, ё бо подшоҳи мусалмон, ва ё бо амире набояд) мухолифат кунем ва даргир шавем.
(Балки мо бояд аз ӯ дар ҳама ҳолатҳо, ғайр аз куфру ширки ошкоре, ки агар далиле барои собит кардани куфру ширкаш дошта бошем, дар ин сурат бо ӯ мухолифат мекунем, дар ғайри ин суратҳо аз ӯ итоъат мекунем).

Магар ин, ки аз онҳо, куфри ошкоре мешоҳида кардед, ва барои он аз ҷониби Аллоҳи мутаъаал, далил ва бурҳоне дошта бошед. (дар ин сурат метавонед бо онҳо мухолифат кунед).

(Муслим - 1709).

Шарҳ!
Вақте, ки Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу, бемор буданд, ба наздашон гурӯҳе аз асҳоб ва тобиъин, дохил шуданд, ва дар ҳақаш дуъой хайр карданд, ва ба ӯ гуфтанд!

Барои мо ҳадисеро, ки худат аз Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, шундаи, нақл кун, то аз он ҳадис манфиъат барем, ва Аллоҳи мутаъаал, ба сабаби ъамал кардан ба он ҳадис, аҷру подоше барои мо насиб гардонад.
Сипас Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Мо бо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бар гӯш кардан ва итоъат кардан дар ҳама ҳолатҳо, байъат кардем.
Агар чи суханонаш мувофиқи хоҳишоти нафси мо бошад, ва ё мухолифи хоҳишоти нафси мо бошад, мо аз фармонаш итоъат мекунем, ва саркаши намекунем.
Чи дар ҳолатҳой сахти ва чи дар ҳолатҳой фақру танг дасти, ва чи дар ҳолатҳои ғаму шодӣ, аз ӯ итоъат мекунем.
Яъне дар ҳама, ҳолатҳо, аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, итоъат мекардем.

Ва агар, чи барои мо як подшоҳе ё як амире, таъин карда шавад, агар чи ҳамон подшоҳ ва ё ҳамон амир, баъзе чизҳой дунёро азони худаш кунад, ва ё барои дигаре бидиҳад, ва ҳаққу ҳуқуқи моро поймол кунад ва зоеъ кунад, боз ҳам, мо бар ъалайҳи ӯ хуруҷ намекунем ва бо ӯ ҷангу ҷидол ва муноқишае намекунем.
То замоне, ки аз он подшоҳ ё аз он амир, куфри баввоҳ, яъне - куфри сариҳ ва ошкор, дида нашавад, мо бар ъалайҳи ӯ намебароем .

Ва ногуфта намонад, ки мо бояд далиле барои собит кардани куфру ширкаш, аз қур-он ва суннат дошта бошем, дар ин сурат бар ъалайҳи ӯ мухолифат кардан ҷавоз дорад.
Дар ғайри ин сурат мухолифат кардан ва хуруҷ кардан бар ъалайҳи ин гуна подшоҳ ё амир, ҳаром аст.

Фоидаи ҳадис!
Дар ҳама ҳолат бо ҳар подшоҳи мусалмоне, ки он подшоҳро аҳли ъилм ва ё дигар мардумон таъин кунанд, ва ба вазифа гузоранд, ва аз ӯ итоъат кунад.
Дар ин сурат ҳаром аст бар ъалайҳи ингуна подшоҳ ё амир хуруҷ кардан ва мухолифат кардан.
Магар дар ҳолате, ки куфри баввоҳ дар у дида шавад.

Боракаллоҳу фикум.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1422- عَنْ عُمَرَ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُ يَقُولُ عَلَى الْمِنْبَرِ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: لاَ تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتِ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ، فَإِنَّمَا أَنَا عَبْدُهُ فَقُولُوا: عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ.

(بخارى - 3445).


Хадис!
Аз Ъумар ибни Хаттоб, разияллоҳу ъанҳу ривоят аст, ки болой минбар мегуфт!
Шунидам, ки Набӣи Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мегуф!
Дар (ҳаққи ман) дар мадҳ ва ситоиш (ғулув накунед, яъне - зиёда рави накунед.
Яъне - нашавад, ки баъзе сифатҳои Улуҳтятро, дар ман қарор диҳед, ва иътиқод кунед. Чунки ин гуна иътиқод инсонро ба тарафи ъибодати бандаҳ мекашонад, ва аз дини Ислом, хориҷ мекунад).
Он чуноне, ки зиёда рави карданд, Насоро (яъне - Христянҳо) барои Ъисо писари Марям.
(Ва ӯро писари Худо гуфтанд, ва ба мурури замон ӯро ъибодат карданд.)
Ҳамоно ман бандаҳи Аллоҳ ҳастам.
Пас бигӯед шумо, ки!
Бандаҳи Аллоҳ ва Расули Аллоҳ.
(Яъне - ман бандаҳи Аллоҳ ҳастам, маъбуд нестам.
Пас маро Бандаҳи Аллоҳ ва Расули Аллоҳ бигӯед!)

(Бухори - 3445).

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1222 - عن عَائِشَةَ زَوْجَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَتْ: كَانَتِ الْمُؤْمِنَاتُ، إِذَا هَاجَرْنَ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُمْتَحَنَّ بِقَوْلِ اللَّهِ ﻷ: ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ يُبَايِعۡنَكَ عَلَىٰٓ أَن لَّا يُشۡرِكۡنَ بِٱللَّهِ شَيۡ‍ٔٗا وَلَا يَسۡرِقۡنَ وَلَا يَزۡنِينَ وَلَا يَقۡتُلۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ وَلَا يَأۡتِينَ بِبُهۡتَٰنٖ يَفۡتَرِينَهُۥ بَيۡنَ أَيۡدِيهِنَّ وَأَرۡجُلِهِنَّ وَلَا يَعۡصِينَكَ فِي مَعۡرُوفٖ فَبَايِعۡهُنَّ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُنَّ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ١٢﴾ [الممتحنة: 12].
قَالَتْ عَائِشَةُ: فَمَنْ أَقَرَّ بِهَذَا مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ، فَقَدْ أَقَرَّ بِالْمِحْنَةِ، وَكَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا أَقْرَرْنَ بِذَلِكَ مِنْ قَوْلِهِنَّ قَالَ لَهُنَّ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «انْطَلِقْنَ فَقَدْ بَايَعْتُكُنَّ» وَلاَ وَاللَّهِ مَا مَسَّتْ يَدُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدَ امْرَأَةٍ قَطُّ. غَيْرَ أَنَّهُ يُبَايِعُهُنَّ بِالْكَلاَمِ، ـ قَالَتْ عَائِشَةُ ـ وَاللَّهِ مَا أَخَذَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى النِّسَاءِ قَطُّ إِلاَّ بِمَا أَمَرَهُ اللَّهُ تَعَالَى، وَمَا مَسَّتْ كَفُّ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَفَّ امْرَأَةٍ قَطُّ، وَكَانَ يَقُولُ لَهُنَّ إِذَا أَخَذَ عَلَيْهِنَّ: «قَدْ بَايَعْتُكُنَّ» كَلاَمًا.
(مسلم - 1866).


Ҳадис!
Ъойшаҳ, разияллоҳу ъанҳаа, ҳамсари гиромии, Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мегӯяд!
Ҳангоме, ки занони муумина, ба сӯй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳиҷрат мекарданд, бар асоси ин қавли Аллоҳи мутаъаал, аз онҳо байъат гирифта мешуд, ки!

(يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ يُبَايِعۡنَكَ عَلَىٰٓ أَن لَّا يُشۡرِكۡنَ بِٱللَّهِ شَيۡ‍ٔٗا وَلَا يَسۡرِقۡنَ وَلَا يَزۡنِينَ وَلَا يَقۡتُلۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ وَلَا يَأۡتِينَ بِبُهۡتَٰنٖ يَفۡتَرِينَهُۥ بَيۡنَ أَيۡدِيهِنَّ وَأَرۡجُلِهِنَّ وَلَا يَعۡصِينَكَ فِي مَعۡرُوفٖ فَبَايِعۡهُنَّ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُنَّ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ١٢) (الممتحنة: 12).

(Сураҳи Мумтаҳанаҳ ояти - 12).

Аллоҳи мутаъаал мефармояд!

Эй Паёмбар!
Ҳар гоҳе, ки занони муумина, назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, (тавре бо онҳо байъат кун, ки онҳо), бо Аллоҳи мутаъаал, чизеро шарик қарор надиҳанд, дузди накунанд, муртакиби зино нашаванд, фарзандонашро накушанд, ва тӯҳматеро, ки сохта ва бофтаи худашон аст, ба касе назананд, ва дар корҳои нек аз ту нофармон бардори накунанд, (дар ин сурат), бо онҳо байъат кун.
Ва барои онҳо аз Аллоҳи мутаъаал омӯрзиш бихоҳ.
Қатъан Аллоҳи мутаъаал омурзанда ва меҳрубон аст.

Ъойшаҳ разияллоҳу ъанҳаа, мегӯяд!
Ҳар зани муумине, ки мавориди дар боло бударо, ба забон биёварад, ва қабул кунад, дар ҳақиқат байъат кардааст.

Ва ҳангоме, ки занони муумина, ин суханонро ба забон меоварданд, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба онҳо мегуфт!
Биравед ман бо шумо байъат кардам.
Ва савганд ба Аллоҳ, ки ҳаргиз дасти Паёмбари Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дасти ҳеҷ занеро ламс накард.
Фақат ба тарзи каломи ва забони бо онҳо байъат мекард.

Ҳамчунин Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар корҳое аз занон байъат мегирифт, ки Аллоҳи мутаъаал ба ӯ дастур дода буд.
Ва ҳаргиз каффи дасти ҳеҷ зане, (ба дасти мубораки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам,) нарасид.
Ва ҳангоме, ки аз онҳо ъаҳду паймон мегирифт ва байъат мекард, сарфан ба сурати каломи ва забони мефармуд!
Бо шумо байъат кардам.
(Муслим - 1866).

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1224 - عَنْ يَحْيَى بْنِ حُصَيْنٍ عَنْ جَدَّتِهِ أُمِّ الْحُصَيْنِ قَالَ: سَمِعْتُهَا تَقُولُ: حَجَجْتُ مَعَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَجَّةَ الْوَدَاعِ قَالَتْ: فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَوْلاً كَثِيرًا، ثُمَّ سَمِعْتُهُ يَقُولُ: «إِنْ أُمِّرَ عَلَيْكُمْ عَبْدٌ مُجَدَّعٌ ـ حَسِبْتُهَا قَالَتْ ـ أَسْوَدُ، يَقُودُكُمْ بِكِتَابِ اللَّهِ، فَاسْمَعُوا لَهُ وَأَطِيعُوا».
(مسلم - 1838).

Ҳадис!
Аз Яҳё ибни Ҳусайн ва ӯ аз модар калонаш Умми Ҳусайн! Ривоят мекунад, Гуфт!
Шунидам, ки модар калонам умми Ҳусайн, гуфтанд!
Ман ҳамроҳи Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ҳаҷҷи видоъ якҷоя будем,
(ва якҷоя ҳаҷ кардем).
Пас модари Ҳусайн гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ҳаҷҷи видоъ, хутбаҳи дарозе баён карданд.
Пас шунидам, ки Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, (дар хутбаҳаш) мегӯфтанд!
Агар барои шумо як ғуломе, амир, таъин шавад, ки (ҳамон амир), як ғуломи муҷаддаъ бошад, (яъне - ягон ъузве аз аъзои баданаш қатъ шуда бошад, масалан дасташ ё пояш, ё гӯшаш қатъ шуда бошад, гумон мекунам, ки ҳамин гӯна гуфт, ва ё гуфт, ки сиёҳ бошад.
Яъне - агар амири шумо як ғуломе бошад, ки ягон ъузваш набошад ё ғуломи сиёҳе бошад).
Шуморо роҳнамои кунад ба китоби Аллоҳ, ва суннатӣ Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ва барои шумо аз китоби Аллоҳ, ва Расулаш, ҳукм кунад, ва файсала кунад.
Пас ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоъат кунед.
(Муслим - 1838).

Шарҳ!
Яъне - Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба умматаш баён кардааст, ки агар барой шумо як амире таъин карда шавад, ки ҳамон амир ғулом бошад, ва ъузве аз аъзои баданаш бурида шудаги бошад, ва ё сиёҳ пӯст бошад.
Вақте, ки дар миёни шумо қур-он ва суннатро ҳоким қарор диҳад, ва ба ҳукми қур-он ва суннат ҳукм кунад ва файсала кунад,
аз ӯ итоъат кунед, ва ӯро гӯш кунед.
Яъне - шумо шикоят накунед, ки ин амир як ғуломи ъузв бурида аст, ва ё як ғуломи мазанг аст, гуфта, шикоят накунед.
Вақте, ки аҳли ъилм ва аҳли хирад он ғуломро барои шумо амир таъин карданд, то замоне, ки ба қур-он ва суннат ҳукм мекунад, аз ӯ пайрави кунед ва ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоъат кунед.

Фоидаҳи ҳадис!

Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар ҳаҷҷи видоъ ҳар амреро, ки барои умматаш муҳим медонӣст, баён кард.
Аввал ин, ки итоъат кардан аз амирро ҷузъи воҷиботи дин донист, но вобаста бар он, ки он амир ғулом бошад ва ъузв бурида бошад ва ё ғуломи сиёҳ пӯсте бошад.
То замоне, ки дар байни шумо ба қур-он ва суннат ҳукм кунад ва аз қур-он ва суннат файсала кунад, ӯро гӯш кунед ва аз ӯ итоъат кунед.
Боракаллоҳу фикум.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1226 - عَنِ ابْنِ عُمَرَ رض عَنِ النَّبِىِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ: «عَلَى الْمَرْءِ الْمُسْلِمِ السَّمْعُ وَالطَّاعَةُ، فِيمَا أَحَبَّ وَكَرِهَ، إِلاَّ أَنْ يُؤْمَرَ بِمَعْصِيَةٍ، فَإِنْ أُمِرَ بِمَعْصِيَةٍ فَلاَ سَمْعَ وَلاَ طَاعَةَ».
(مسلم - 1839).

Ҳадис!
Ъабдуллоҳ ибни Ъумар, разияллоҳу ъанҳумаа мегӯяд!
Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуд!
Барои марди мусалмон лозим аст, ки аз (амири хӯд) гӯш кунад ва итоъат кунад, дар он чизе, ки амрашон мекунад, агар, чи он корҳоро дӯст медоранд, ё нописанд медонанд.
Магар, ки ҳамон (нафар) амр шавад ба (кори) гуноҳе, дар ин сурат гӯш накунад ва итоъат накунад.
(Яъне - агар амир, ба кори гуноҳе амр кунад, набояд суханонашро гӯш кунем ва набояд аз фармонаш итоъат намоем).

(#Муслим - 1839.)

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
1227 - عن وَائِلٍ الْحَضْرَمِيِّ قَالَ: سَأَلَ سَلَمَةُ بْنُ يَزِيدَ الْجُعْفِيُّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ: يَا نَبِيَّ اللَّهِ أَرَأَيْتَ إِنْ قَامَتْ عَلَيْنَا أُمَرَاءُ يَسْأَلُونَا حَقَّهُمْ وَيَمْنَعُونَا حَقَّنَا، فَمَا تَأْمُرُنَا؟ فَأَعْرَضَ عَنْهُ، ثُمَّ سَأَلَهُ فَأَعْرَضَ عَنْهُ، ثُمَّ سَأَلَهُ فِي الثَّانِيَةِ أَوْ فِي الثَّالِثَةِ فَجَذَبَهُ الأَشْعَثُ بْنُ قَيْسٍ وَقَالَ: اسْمَعُوا وَأَطِيعُوا فَإِنَّمَا عَلَيْهِمْ مَا حُمِّلُوا وَعَلَيْكُمْ مَا حُمِّلْتُمْ» وفي رواية: فجذبه الأشعث بن قيس فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «اسْمَعُوا وَأَطِيعُوا فَإِنَّمَا عَلَيْهِمْ مَا حُمِّلُوا وَعَلَيْكُمْ مَا حُمِّلْتُمْ».
(مسلم - 1846).

Ҳадис!
Аз Ваа-или Ҳазрами,разияллоҳу ъанҳу, ривоят аст, ки гуфт!
Салама ибни Язиди Ҷуъфи, разияллоҳу ъанҳу, ба Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам гуфт!
Эй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам!
Агар амироне бар мо гумошта шуданд, ки ҳақашон-ро аз мо талаб мекарданд, аммо ҳуқуқи моро адо намекарданд, дастури шумо ба мо чист?
(Яъне - бо ингуна амирон чигуна рафтор кунем?)
Паёмбари Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз ӯ рӯй гардони кард, ва ба саволаш, ҷавобе надод.
Салама дубора саволашро матраҳ кард.
Боз ҳам Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз ӯ рӯй гардони кард.
Дуюмин бор ва ё сеюмин бор, ки саволашро матраҳ кард, Ашъас ибни Қайс, разияллоҳу ъанҳу, пироҳанашро кашид ва гуфт!
Ба суханони он (амир) гӯш кунед ва аз он (амир) итоъат кунед, зеро онҳо бояд ба вазифай худашон ъамал кунанд, ва шумо ҳам, (ки бошед) бояд ба вазифаи худатон ъамал намоед.

(#Муслим - 1846).

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
#Вақти_намоз барои фардо Душанбе:
🌄Бомдод: 03:35 то 05:09
🔆Пешин: 12:40 то 17:33
🔅Аср: 17:34 то 19:15
🌇Даромадани Офтоб хoндани намоз мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:16 то 19:36
🌆Шом: 19:37 то 20:17
🌃Хуфтан: 21:07 то 03:34


Хондани намоз барои муъминон дар вақташ фарз аст!

Шаҳрҳое ки вақташон пеш аз Душанбе аст:
Истаравшан-5 дақиқа
Кӯлоб- 5 дақиқа
Хуҷанд- 7 дақиқа
Рашт -7 дақиқа
Конибодом-9 дақиқа
Исфара-9 дақиқа
Ашт-9 дақиқа
Хоруғ-12 дақиқа
Мурғоб- 20 дақиқа

Шаҳрҳое ки вақташон баъд аз Душанбе аст:
Қурғонтеппа-4 дақиқа
Панҷакент-5 дақиқа
Шаҳритуз-5 дақиқа
Айнӣ-5 дақиқа

📚Аз Абдуллоҳ Ибни Умар (р) нақл аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
Намози бо ҷамоат аз намози танҳогузор 27 дараҷа афзалтар аст.
#Бухорӣ 645
┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
١ - عَنْ عَبْدُ للَّهِ إِبْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللّٰهُ عَنْهُمَا قَالَ : قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ﴿لا تَمْنَعُوا نسائَكُمُ المساجِدَ، وبُيُوتَهُنَّ خيرٌ لهنَّ.﴾

📚 صحيح الجامع { ۷۴۵۸ }


1 - Ҳадис!
Аз Ъабдуллоҳ ибни Ъумар, разияллоҳу ъанҳумаа, ривоят аст, ки гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам фармуданд! «Занҳоятон-ро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунед, (Агар онҳо хостанд ) ва хонаҳояшон барояшон беҳтар мебошад.»

✒️Шарҳ!
Дар дини Ислом, ҳар вақте, ки занҳо муштоқ бар анҷом додани намози бо ҷамоъат дар масҷид шаванд, онҳоро аз рафтан ба масҷид манъ накунед, башарте ки аз фитнаҳ маҳфуз бошанд.
Аммо анҷом додани ъибодат дар хона барои занҳо афзалтар ва хубтару беҳтар ва дур аз фитнаҳ мебошад. Аллоҳу аълам.

📚Саҳеҳ-ул-ҷомиъи имом Бухори. [7458].

Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъаал дар қур-они Карим, дар 📖 сураи Ал - Аҳзоб, ояти - 33 мефармояд!

﴿وَقَرْنَ فِى بُيُوتِكُنَّ وَلَا تَبَرَّجْنَ تَبَرُّجَ ٱلْجَـٰهِلِيَّةِ ٱلْأُولَىٰۖ﴾.

"Дар хонаҳои худ боқи бимонед, ва ҳам чунин худ намои накунед, монанди (занҳой) даврони ҷоҳилияти замони гузашта худнамои накунед."

✒️Тафсири ояти 33 сураи Аҳзоб!

Аллоҳи мутаъаал, ба ҳамсарони Расули Аллоҳ, салаллоҳу ъалайҳи ва саллам, амр мекунад, ки
дар хонаҳои худ бимонед ва бидуни зарурат аз хонаҳоятон берун нашавед.
Зеро дар хона мондан барои занҳо афзалтар ва хубтар аст, ва эмин мондани онҳо аз шарри шайтон аст.
Чун, ки аз фитнаҳи фитна гарон, маҳфуз мемонанд.
Ва ҳамчунин мефармояд, ки монанди занҳои даврони ҷоҳилият, худро зинат ва ороиш дода, барои ҷалб кардани мардҳои бегона ба берун наравед.

Барои занҳо ҷоиз нест, ки бидуни зарурат ва ҳоҷат аз хонаҳояшон берун шаванд.
Ва ҳамчунин барои занҳо ҷоиз нест, ки худро барои мардҳои бегона зинат диҳанд ва ба берун бароянд.
Зеро ин гуна ъамал, рафтори занҳои даврони гузашта аст, дар даврони ҷоҳилият, ва барои занҳой мусалмон шоиста нест, ки ин ъамали занҳои даврони ҷоҳилиятро анҷом бидиҳанд.
Бааракаллоҳу фикум.

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
٢ - عن عائشة أم المؤمنين رَضِي ضِيَ اللّٰهُ عَنْهَا: أنّ أزْواجَ النَّبِيّ صَلَّى اللّٰه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ. كُنَّ يَخْرُجْنَ باللَّيْلِ إذا تَبَرَّزْنَ إلى المَناصِعِ وهو صَعِيدٌ أفْيَحُ فَكانَ عُمَرُ يقولُ للنبيِّ صَلَّى اللّٰه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: احْجُبْ نِساءَكَ، فَلَمْ يَكُنْ رَسولُ اللهِ يَفْعَلُ، فَخَرَجَتْ سَوْدَةُ بنْتُ زَمْعَةَ، زَوْجُ النبيِّ صَلَّى اللّٰه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ ، لَيْلَةً مِنَ اللَّيالِي عِشاءً، وكانَتِ امْرَأَةً طَوِيلَةً، فَناداها عُمَرُ: ألا قدْ عَرَفْناكِ يا سَوْدَةُ، حِرْصًا على أنْ يَنْزِلَ الحِجابُ، فأنْزَلَ اللهُ آيَةَ الحِجابِ..

(📚صحيح البخاري ١٤٦)

2 - Ҳадис!
Ҳазрати Ъоиша разиялоҳу ъанҳаа мефармояд, ки ҳамсарони Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳар вақте, ки нияти қазои ҳоҷат мекардан, дар ҳангоми шаб берун мешуданд, ва мерафтанд ба тарафи маносеъ ( як маконе аст дар шаҳри Мадинаҳи мунаввараҳ, дар сарзамини бақи) ки замини соф ва кушод аст, ва ҳазрати Ъумар, разияллоҳу ъанҳу, барои Наби Акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, мегуфтанд, ки ҳамсарҳои худро амр ба (пушидани) ҳиҷҷоб кун! Ва Наби Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам ин корро анҷом намедод. ( На ба хотири нописанд донистани ҳиҷоб, балки то ин вақт ҳукми ҳиҷоб барояш нозил нашуда буд, ва ӯ наметавонист дар шариъат ба ғайр аз иҷозати Аллоҳи мутаъаал, ҳукмеро содир кунад, ва мунтазири фармони Аллоҳи мутаъаал буд.) Як шабе аз шабҳо Савда бинти замъа ҳамсари Наби Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар вақти ъишо аз хона берун шуданд, ва эшон зани қомат баланд буданд, ва ӯро ҳазрати Ъумар, разияллоҳу ъанҳу диданд ва садо зада гуфтанд!
Эй Савда мо шуморо шинохтем, (ва ин ъамалро ба ин хотир анҷом доданд, ки ҳарис ба нозил шудани ояти ҳиҷоб буданд.) Ва баъд аз ин Аллоҳи мутаъаал, ояти ҳиҷҷобро нозил фармуданд.

[📚 - Саҳеҳи Бухорӣ - 146].

Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъаал дар қур-они карим сураи 33 ояти 59 мефармояд.

﴿يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَّحِيمًا﴾

"Эй Паёмбар, ба занон ва духтарони худ ва ба занҳои муминҳо бигу, ки чодарҳои худро бар (сари) худ биандозанд. Ва ин кор (барои онҳо) беҳтар аст, ки онҳо бо покдомани шинохта шаванд. Ва мавриди азиият ва озори дигарон қарор нагиранд. Ва Аллоҳ, ғафуру раҳим аст."

•┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
#Вақти_намоз барои фардо Душанбе:
🌄Бомдод: 03:29 то 05:03
🔆Пешин: 12:40 то 17:41
🔅Аср: 17:42 то 19:23
🌇Даромадани Офтоб хoндани намоз мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:24 то 19:44
🌆Шом: 19:45 то 20:25
🌃Хуфтан: 21:15 то 03:28


Хондани намоз барои муъминон дар вақташ фарз аст!

Шаҳрҳое ки вақташон пеш аз Душанбе аст:
Истаравшан-5 дақиқа
Кӯлоб- 5 дақиқа
Хуҷанд- 7 дақиқа
Рашт -7 дақиқа
Конибодом-9 дақиқа
Исфара-9 дақиқа
Ашт-9 дақиқа
Хоруғ-12 дақиқа
Мурғоб- 20 дақиқа

Шаҳрҳое ки вақташон баъд аз Душанбе аст:
Қурғонтеппа-4 дақиқа
Панҷакент-5 дақиқа
Шаҳритуз-5 дақиқа
Айнӣ-5 дақиқа

📚Аз Абдуллоҳ Ибни Умар (р) нақл аст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
Намози бо ҷамоат аз намози танҳогузор 27 дараҷа афзалтар аст.
#Бухорӣ 645
┈┉•✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾••┉┈•
Дӯстонатонро даъват кунед!
•┈┉••✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾✾•┉┈•
🌿@amrii_maruf 🍃
HTML Embed Code:
2024/05/19 23:20:52
Back to Top